АЛИШЕР НАВОӢ ВА КАМОЛИ ХУҶАНДИ (БАРРАСИИ ХАЛЛОҚИЯТИ АДАБӢ)
##article.subject##:
Навоӣ, Камол, ғазал, таъсир, тафовут, ошноизудоӣ, тарҷума, ҳунарсоза##article.abstract##
Мақола дар хусуси таъсири маънавӣ ва ҳунарии Камоли Хуҷандӣ (ваф.1400-1401) ба Мир Низомуддин Алишер Навоӣ (1441–1501) баҳс мекунад. Бо такя ба суханони худи Навоӣ (дар “Хамсат-ул-мутаҳаййирин”, “Муҳокимат-ул-луғатайн”) ва адибони ҳамасраш (мисли Хондамир дар “Макорим-ул-ахлоқ”) муайян карда мешавад, ки ӯ аз синни хурдсолӣ дар мактаби бузурги шеъру адаби форсии тоҷикӣ тарбият ёфта, ҳамчун донандаи хурдбини назокатҳои шеъри форсӣ машҳур гаштааст. Ҳамин воқеият аст, ки Навоӣ аксари кулли осори худро дар партави адабиёти муҳташами форсии тоҷикӣ эҷод кардааст. Аз ҷумла, муаллифи мақола дар сурудани ғазал таъсир доштани ашъори Камоли Хуҷандиро бар ғазалиёти Навоӣ ошкор мекунад. Аксари муҳаққиқон он байти машҳури туркии Навоӣ:
Оразин ёпғач кузимдин сочилур ҳар лаҳза ёш,
Ӯйлаким пайдо булур юлдуз, ниҳон бӯлғач Қуёш
ки дар як ғазалаш овардааст, тарҷумаи байти зери Камол донистаанд:
То рух напӯшӣ кай шавад аз дида ашки мо равон,
Пинҳон нагашта Офтоб ахтар намеояд бурун.
Дар мақола кӯшиши асосӣ бар он равона шудааст, ки ғалат будани ин ақида ба субут расонида шавад. Бо далелҳои маҳкам ҷой доштани умумият ва фарқҳои сатҳи ҳунарии абёти мазкури ҳар ду шоир ошкор карда мешавад. Дар ин росто бо истифода аз равиши шаклгароӣ дар меҳварҳои гуногуни забонӣ ҷой доштани дараҷаи инҳироф аз норма ва ошноизудоии ҳунарӣ кардани шоирони номбурда ва билохира тағайюроти ҳунарсозаҳои абёти ин шоирон ба таври муфассал нишон дода мешавад. Аз ҷумла, тафовутҳои ҳунарсозаҳо аз нигоҳи меъмории забони шоирона (сохтори овоӣ, наҳвӣ, луғавӣ, тобишҳои маъноии калимот, орояҳои бадеӣ, нағмаи ҳуруф, оҳанги умумии нутқи бадеӣ, ҳузури отифа...) таҷзия ва таҳлил карда мешаванд. Бо ҳамин ҳунари Навоӣ дар ҷони тоза бахшидан ба ҳунарсозаи нисбатан масдуди Камол бо мушаххас кардани фактҳо матраҳ карда мешавад. Муаллиф дурустии мавқеи худро бо овардани андешаҳои суханшиносони маъруфи гузаштаву муосир тақвият бахшидааст.
Библиографические ссылки
Авҳадӣ, Исфаҳонӣ маъруф ба Мароғӣ. Куллиёт. Бо тасҳеҳу муқобила ва муқаддимаи Саъид Нафисӣ. – Теҳрон: Амири кабир, 1340 ш. – 692 саҳ.
Аттор, Фаридуддини Нишопурӣ. Девон. Бо тасҳеҳу муқобила ва муқаддимаи Саъид Нафисӣ. – Теҳрон: Интишороти Китобхонаи Саноӣ 1339. – 555 саҳ.
Баевская Е.В. «Ворон» Эдгара. По: Бодлер и Малларме // Шаги/Steps. Т. 6. № 3, 2020. – С.18-27.
Бертельс, Е.Э. Навои и Аттар // Суфизм и суфийская литература. – М.: Наука, 1965. – С. 377-421.
Кадканӣ, Муҳаммадризо Шафеъӣ. Растохези калимот. – Теҳрон: Сухан, чопи саввум, 1391 ш.
Кадканӣ, Муҳаммадризо Шафеъӣ. Тарҷуманопазирии шеър // Ин кимиёи ҳастӣ. – Табрез: Ойдин, 1385 ш. – Саҳ. 125-133.
Камол, Хужандий. Девон. Ҳ. Ҳомидий бош сӯзӣ. Ӯзбек тилига М.Васфий таржимаси. – Тошканд, 1962.
Камол, Хуҷандӣ. Девон. Ба тасҳеҳи Азизи Давлатободӣ ва муқаддимаи Алиасғари Шеърдӯст, чопи аввал. – Табрез: Маҷмааи бузургдошти Камои Хуҷандӣ, 1375 ш. – 480 саҳ.
Куделин, А.Б. Алишер Навои – родоначальник узбекской литературы (к 575-летию со дня рождения) // Известия РАН: Сер.литературы и языка. 2016, том 75. - № 4. – С . 5-11.
Навои, Мир Алишер. Суждение о двух языков (перевод А.Малеховой) // Сочинения. В 10 томах. – Т. 10. – Ташкент: Фан, 1970. – С.105-139.
Навоий, Алишер. Ғароиб ус-сиғар // Мукаммал асарлар тӯплами. 20 томлик. – Учинчи том. – Тошкент: Фан, 1988.
Навоӣ, Мир Алишер. Хамсат-ул-мутаҳаййирин. Тарҷумаи Муҳаммади Нахҷувонӣ (1320 ш.). Таҳия, тасҳеҳ ва тавзеҳи М. Низомӣ. – Душанбе: ҶДММ “Абдураҳмон-Р”, 2021.
Розӣ, Шамси Қайс. Ал-муъҷам фӣ маойири ашъор-ил Аҷам. Ба тасҳеҳи Муҳаммади Қазвинӣ ва тасҳеҳи муҷаддади Мударриси Разавӣ ва Сируси Шамисо. – Теҳрон: Илм, 1388 ш.
Румӣ, Мавлоно Ҷалолуддин. Куллиёти Шамси Табрезӣ. Ба кӯшиши Бадеъуззамони Фурӯзонфар. – Теҳрон: Амири кабир, чопи 14-ум, 1376 ш.
Саъдӣ, Муслиҳуддини Шерозӣ. Куллиёт. Ба тасҳеҳи Муҳаммадалии Фурӯғӣ. – Теҳрон: Ҳермес, чопи аввал, 1385 ш.
Соиб, Табрезӣ. Куллиёт. /чопи сангӣ/. – Калкатта: Нувал Кишур, 1906. – 716 саҳ.
Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. – Ҷ. 6. Таҳияи матн ва луғоту тавзеҳот аз К. Айнӣ ва З. Аҳрорӣ. – Душанбе: Адиб, 2008. – 480 саҳ.
Хондамир, Ғиёсуддин ибни Ҳумомуддин. Макорим-ул-ахлоқ. Муқаддима, тасҳеҳ ва таҳқиқи Муҳаммадакбари Ашиқ. – Теҳрон: Оинаи мерос. – Чопи аввал, 1378 ш.
Ҷоҳиз, Амр ибн Баҳр. Китоб-ал-ҳаявон. www.iamatranlator.org
Ин сомона рӯзи 18 феврали соли 2022, соати 16.00 дида шуд.
Эйхенбаум Б. М. Мелодика русского лирического стиха // Эйхенбаум Б.М. О поэзии. – Л.: Советский писателӣ, 1969. – С. 327-511.